Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гар ба ин гармист оҳи шуълазои андалеб

Гар ба ин гармист оҳи шуълазои андалеб, Шамъ равшан метавон кард аз садои андалеб. Офати ҳуши асирон барқи дидор асту бас, Мезанад ранги гул оташ дар бинои андалеб. Пунбаи шабнам ба гӯши ғунча доғи лола шуд, Беш аз ин натвон шунидан моҷарои андалеб. Ишқро бе дастгоҳи ҳусн шуҳрат мушкил аст, Аз забони барги гул бишнав навои андалеб. Ҷойи он дорад, ки чун сунбул ба рағми боғбон Реша дар гулшан давонад хори пои андалеб. Матлаби ушшоқ аз изҳор ҳам маълум нест, Кист, то фаҳмад забони муддаои андалеб? Сози дилтангӣ ба ин оҳанг ҳам мебудааст, Танг кардам аз лаби хомӯш ҷои андалеб. Решаи дилбастагӣ дар хоки ин гулшан набуд, Рафт гул ҳам дар қафои нолаҳои андалеб. Монеи қатли заифон ҷуз мурувват ҳеҷ нест, В-арна, аз гул кас нахоҳад хунбаҳои андалеб. Дар чаман рафтему сози нола сайроҳанг шуд, Ҷилваи гул кард моро ошнои андалеб. Оҳи муштоқон насими навбаҳори ёди ӯст, Рангҳо хуфтаст, Бедил, дар садои андалеб.