Файзи ҳаловат аз дили бекибрукин талаб
Файзи ҳаловат аз дили бекибрукин талаб,
Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб.
Бепарда аст ҳусни ғано дар либоси фақр,
Дасти расо зи кӯтаҳии остин талаб.
Дил ҷамъ кун зи бому дари офиятфусун,
Осудагӣ зи хонабадӯшони зин талаб.
Пашминапӯш рав ба фусурдансарои шайх,
Фасли шито муҳофазат аз пӯстин талаб.
Дасти талаб ба ҳар чӣ расад, муфти аҷз гир,
Дур аст осмон, ту мурод аз замин талаб.
Гулҳои ин чаман ҳама дар зери пойи туст,
Эй ғофил аз адаб, нигаҳи шармгин талаб.
З-ин ҷилваҳо, ки дар назарат саф кашидааст,
Оинадории нафаси вопасин талаб.
Умри талош бод ба каф чун нафас гузашт,
Чизе наёфт кас, ки биярзад ба ин талаб.
Дил дархури шикаст ба иқлими унс тохт,
Чинӣ ҳамон ба ҷодаи мӯ рафт Чинталаб.
Шабнам висоли гул талабид, об шуд зи шарм,
Аз ҳар кӣ ҳар чӣ металабӣ, инчунин талаб.
Ин остон ҳаваскадаи арзи ноз нест,
Шояд ба саҷдае бихарандат, ҷабин талаб.
Бедил, хароши чеҳраи иқбол шуҳрат аст,
Ибрат зи корхонаи нақши нигин талаб.