Тараб дар ин боғ мехиромад зи сози фурсат паём бар лаб
Тараб дар ин боғ мехиромад зи сози фурсат паём бар лаб,
Зи наргис акнун мабош ғофил, ки най гирифтаст ҷом бар лаб.
Агар ба маънӣ расида бошӣ, хурӯши мастон шунида бошӣ,
Чу барги токанд аҳли машраб нуҳуфта зикри мудом бар лаб.
Расонда халқе зи ҳарзароӣ ба арсаи қудратозмоӣ
Ҳуҷуми ашғоли жожхоӣ чу тавсани белаҷом бар лаб.
Ба худфурӯшист иззату шон, ба ҳарфу савт аст фахри ёрон,
Ту ҳам ба қадри нафас пар афшон чу дастгоҳи калом бар лаб.
Саботи ноз он қадар надорад бинои иқболи бебақоят,
Гузашта гир ин, ки офтобе расонда бошӣ чу бом бар лаб.
Масоили муфтиён шунидам, ба пушту рӯйи варақ расидам,
Тасарруфи моли ғасб дидам: ҳалол дар дил, ҳаром бар лаб.
Зи хонақаҳ ҳар кӣ сар барорад, маротиби ҷӯъ мешуморад,
Тариқаи сӯфиён надорад ба ғайри зикри таом бар лаб.
Гар аз мукофоти хубсу ғайбат шунидаӣ ваъдаи надомат,
Чаро замоне зи захми дандон намерасонӣ паём бар лаб?
Ҷунуни чандин ҳазор шуҳрат фусурд дар ҷайби синачоке,
Касе нашуд маҳрами садое аз ин нигинҳои номбарлаб.
Хурӯши дайру ҳарам дар ин раҳ намуд аз улви доғам огаҳ,
Худопараст асту Аллаҳ-Аллаҳ, бараҳману Ром-Ром бар лаб.
Рақам задам бар табассуми гул зи соиди чиндаростинат,
Қалам кашидам ба мавҷи гавҳар аз он хати мушкфом бар лаб.
Ҷаҳон ба сад ранг шуғл моил, ману ҳамин таври шавқ, Бедил,
Тасаввурат солу моҳ дар дил, тараннумат субҳу шом бар лаб.