Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Субҳдам сайёра бол афшонд аз домони шаб

Субҳдам сайёра бол афшонд аз домони шаб, Вақти пирӣ рехт аз ҳам оқибат дандони шаб. Ашки ҳасрат лозими сози раҳил афтодааст, Шабнами субҳ аст осори нами мижгони шаб. Барнамеояд баёзи чашми оҳу аз савод, Субҳи иқболи ҷунунам нашканад паймони шаб. Дар ҳавои дуди савдо ҳушам аз сар рафту рафт, Ошён аз даст дод ин мурғ дар тайрони шаб. Дар хами он зулф хун шуд тоқати дилҳои чок, Субҳи мо охир шафақ гардид дар зиндони шаб. Бо ҷамолат баст ҳар ҷо аҳди байъат офтоб, Турраи мушкинадо ҳам тоза кард имони шаб. Аз ҳаводис файзи маънӣ мебаранд аҳли сафо, Мефурӯзад шамъи субҳ аз ҷунбиши домони шаб. Мужда, эй завқи гирифторӣ, ки бозам мерасад Накҳати зулфи касе аз дасти мушкафшони шаб. Хатти ӯ бар субҳ, пиндорӣ, шабехунномаест, Рӯйи ӯ фардест, гӯйӣ, дар шикасти шони шаб. Ламъаи субҳе, ки мегӯянд, дар олам куҷост? Инқадарҳо хоби ғафлат нест ҷуз бурҳони шаб. Гӯшагири вусъатободи ғубори ҷаҳл бош, Пардапӯши як ҷаҳон айб аст Ҳиндустони шаб. Бедил, аз печухами зулфаш раҳоӣ мушкил аст, Бар каримон саҳл набвад рухсати меҳмони шаб.