Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дил аз хумори талаб хун куну шароб талаб

Дил аз хумори талаб хун куну шароб талаб, Ҷигар ба ташналабӣ вогузору об талаб. Зи офият натавон муждаи кушоиш ёфт, Ба дил шикасте агар ҳаст, фатҳи боб талаб. Матарс аз ғами носур, эй ҷароҳати дил, Ба зулфи ёр бизан дасту мушки ноб талаб. Мабош ҳамчу гуҳар мурдареги ин дарё, Назар баланд куну ҳиммати ҳубоб талаб. Муҳит дар хами оғӯши беқарории туст, Даме чу сел дар ин дашт изтироб талаб. Қадам ба водии фурсат зану мижа бардор, Баҳор меравад, эй бехабар, шитоб талаб. Либоси офият аз даҳр гар ҳавас дорӣ, Зи моҳтоб катону ҳарир аз об талаб. Шабе чу шабнами гул сарф кун ба бедорӣ, Саҳар барор сару васли офтоб талаб. Ҳазор ҷилва дар оғӯши бехудӣ маҳв аст, Ҷаҳон шуур талаб мекунад, ту хоб талаб. Бибанд пардаи чашму дилат зи айби касон, Кушоди кори худ аз банди ин ниқоб талаб. Ниёзу ноз ҳамон дурду софи як қадаҳанд, Чу пойи ӯ сари мо ҳам аз он рикоб талаб. Дили гудохта, Бедил, ниёзи мижгон кун, Таровати чамани умр аз ин саҳоб талаб.