Чун писта нест дар ғами он рангипонбалаб
Чун писта нест дар ғами он рангипонбалаб,
Дандоншикастае, ки фишорад забон ба лаб.
Айши висолу завқи канор орзуи кист?
Моему ҳарфи бӯсе аз он остон ба лаб.
Субҳи табассуме ба тааммул дамондаем
З-он гарди хат, ки нест чу ҳарфаш нишон ба лаб.
Роҳе ба дарди беасарӣ қатъ кардаем.
Ҳамчун сипандам, обила дорад фиғон ба лаб.
Азбаски имтиҳонкадаи ваҳми ҳастиям,
Ояд нафас чу оинаам ҳар замон ба лаб.
Ушшоқ то ҳадиси вафоро забон диҳанд,
Чун шамъ медавад ҳама аҷзояшон ба лаб.
Халқе ба ҳарфу савт фишурдаст пойи ҷаҳд,
Роҳе чу хома меравад ин корвон ба лаб.
Бе хомушӣ гум аст сари риштаи сухан,
Бандӣ забон ба ком, ки ёбӣ даҳон ба лаб.
Дилкӯби фитрат аст ҳадиси сабуксарон,
Чун пунба номи кӯҳ наёяд гарон ба лаб.
Хоҳӣ, нафас фурӯ кашу хоҳӣ, ба нола кӯш,
Ҷавлони умрро накашад кас инон ба лаб.
Серӣ зи хони чарх касеро ба ком нест,
Дорад ҳилол ҳам лабе аз ҳарфи нон ба лаб.
Саъйи заифи халқ ба ҷое намерасад,
Гар марди қудратӣ, нафасатро расон ба лаб.
Бедил, ба ҷилвагоҳи нисори табассумаш
Оҳ аз ситамкаше, ки наёвард ҷон ба лаб!