Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

То занад фоли гуҳар, бетобиоҳанг аст об

То занад фоли гуҳар, бетобиоҳанг аст об, Наъл дар оташ ба ҷустуҷӯи ин ранг аст об. Ҳарфи арбоби насиҳат бар дили гарм офат аст, Шиша чун дар оташ афтад, бар сараш санг аст об. Пайкари таслими мо чанги бисоти айши мост, Чун ба пастӣ мешавад моил, хушоҳанг аст об. Қомати хамгашта чун мавҷ аз хурӯши дил гудохт, Аз садои дилхароши сози мо чанг аст об. Мекунад дар худ тамошои баҳористони ранг, Аз барои сархушӣ дар табъи гул банг аст об. Доми андӯҳ аст моро, ҳар чӣ ҷуз озодагист, Мансаби гавҳар агар бахшанд, дилтанг аст об. Аз сароби эътибор ин ҷо диле хуш мекунем, Варна, аз оинаву гавҳар ба фарсанг аст об. Аҷзи пирӣ ҷуръатамро дар арақ хобондааст, Нағма аз шарми заифиҳои ин чанг, аст об. Кист аз кайфияти касби латофат бигзарад? Дар мақоми шишасозиҳо дили санг аст об. Зиндагӣ аз ваҳму ваҳм аз зиндагӣ болидааст, Олами об аст бангу олами банг аст об. З-ин чаман як барг ҷуз болу пари парвоз нест, Бехабар шерозабанди нусхаи ранг аст об. Чашмаи Хизрам ба ёд омад, арақ кардам зи шарм, Ташнаи теғи фаноро ин қадар нанг аст об. То нафас дорӣ, ба базми синасофон нагзарӣ, Эй ба ҷуръат муттаҳам, оина дар чанг аст об. Аз куҷо ёбад касе, Бедил, суроғи хуни ман? Дар дами шамшери нозаш сахт беранг аст об.