Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Тоби зулфат соя овезад ба тарфи офтоб

Тоби зулфат соя овезад ба тарфи офтоб, Хатти мушкинат шикаст орад ба ҳарфи офтоб. Дида дар идроки оғӯши хаёлат оҷиз аст, Зарра кай ёбад канори баҳри ҳарфи офтоб? Биният он мисраи олист, к-аз андози ҳусн Дахли нозаш дорад ангуште ба ҳарфи офтоб. Зулмати моро фурӯғи нури ваҳдат ҷозиб аст, Соя охир меравад аз худ ба тарфи офтоб. Дар арақ эъҷози ҳусни ӯ тамошокарданист, Шабнами гул мечакад он ҷо зи зарфи офтоб. Баски иқболи ҷунуни мо баланд афтодааст, Метавон урёнии мо кард сарфи офтоб. Ҳар куҷо бо меҳри рухсори ту лофи ҳусн зад, Ҳам зи партав бар замин афтод ҳарфи офтоб. Мо адамсармоягонро лофи ҳастӣ нодир аст, Зарра ҳайрон аст бар вазъи шигарфи офтоб. Баски дар наззораи меҳри ҷамоли ӯ гудохт, Мавҷи шабнам мезанад имрӯз барфи офтоб. Ҷонфишониҳост, Бедил, дар тамошои рухаш, Чун саҳар кун нақди умри хеш сарфи офтоб.