Бе латофат нест, аз бас ваҳшатоҳанг аст об
Бе латофат нест, аз бас ваҳшатоҳанг аст об,
Гар дари роҳат занад, ҳамчун гуҳар, санг аст об.
Фитнатӯфон аст арзи ранги бӯйи ин чаман,
Дар тилисми хок, ҳайронам, чӣ найранг аст об?
Нашъаи равшандилӣ пур бехумор афтодааст,
Аз сафои табъ доим шиша дар чанг аст об.
Чун гиребонгир шуд ёри мувофиқ, душман аст,
Гар бипечад дар гулӯ, бо теғ ҳамсанг аст об.
Бо гудози яъс аз худ рафтанам дил мебарад,
Нағмагӣ дорад чакидан, ҳар куҷо чанг аст об.
Маҳмили мо-оҷизон бар дӯши лағзиш бастаанд,
Сад қадам аз мавҷ агар пайдо кунад, ланг аст об.
Дурии марказ ҷаҳонерост таклифи низоъ,
То ҷудо аз санг шуд, бо шуъла дар ҷанг аст об.
Бе кудурат нест дар касрат сафои ваҳдатам,
То ба гулшан роҳ дорад, сарфи сад ранг аст об.
Обрӯ натвон ба пеши нокасон чун шамъ рехт,
Эй тамаъ, шарме, ки ин ҷо шуъла дар чанг аст об.
Хонадорӣ доғи кулфат мекунад ворастаро,
Дар дили оина, Бедил, сарбасар занг аст об.