Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Боз дар гулшан зи хешам мебарад афсуни об

Боз дар гулшан зи хешам мебарад афсуни об, Дар назар тарзи хироме дорам аз мазмуни об. Шӯриши амвоҷи ин дарё хурӯши базми кист? Нағмаи тар мефишорад мағзам аз қонуни об. Барнамедорад дурандагӣ тинати равшандилон, Дар раги мавҷаш ҳамон об аст ранги хуни об. Ҳамчу шабнам ашки мо оинаи оҳ асту бас, Бар ҳаво хатм аст ин ҷо ваҳшати Маҷнуни об. Шуд арақ шабнамтирози гулситони шарми ёр, Ин гуҳар буд интихоби нусхаи мавзуни об. Орзу гар ташнаи рафъи ғубори ҳасрат аст, Бо вуҷуди теғи ӯ натвон шудан мамнуни об. Нест сайри олами найранг ҷойи дам задан, Ишқ дарёҳои оташ дораду ҳомуни об, Маънии осудагӣ нақши тилисми хомушист, Бар ман аз мавҷи гуҳар шуд равшан ин мазмуни об. Табъам аз ошуфтагӣ доми сафое дигар аст, Дархури амвоҷ бошад ҳусни рӯзафзуни об. Қулзуми имкон нами мавҷи саробе ҳам надошт, Ташнагиҳо кард моро ин қадар мафтуни об. Ваҳдат аз худдории мо туҳматолуди дуист, Акс дар об аст, то истодаӣ беруни об. Софтабъонанд, Бедил, бисмили шавқи баҳор, Ҷодаи рагҳои гул дорад суроғи хуни об.