Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз сари мастӣ набуд имшаб хитобам бо шароб

Аз сари мастӣ набуд имшаб хитобам бо шароб, Бедимоғӣ шиша зад бар санг, гуфтам: ё шароб. Базми имконро бувад ғавғои ҳастӣ то ба кай? Чанд хоҳад буд, охир, ҷӯши як мино шароб? Даври ваҳме метавон тай кард чун авроқи гул, Соғари ин базм ранг асту шикастанҳо шароб. Маст то махмури ин майхона муҳтоҷ асту бас, Ваҳми банг аст, ин ки гӯӣ дорад истиғно шароб. Умрҳо будем махмури самандармашрабе, Нест аз инсоф, агар резӣ ба хоки мо шароб. Беқаророни талаб сар то қадам кайфиятанд, Мекунад эҷод аз ҳар узви худ дарё шароб. Соғари базми хаёлам наргиси махмури кист? Меравам мастона аз худ, хӯрдаам гӯё шароб. Субҳ аз хамёза охир ҷоми шабнам мезанад, Ҳасрати махмурам аз худ мекунад пайдо шароб. Хуншудансарманзилем, аз ҷустуҷӯи мо мапурс, Ток медонад, чиҳо дар пеш дорад то шароб. Баҳри манъи майкашиҳо муҳтасиб даркор нест, Бедил, охир риъша мебандад ба дасти мо шароб.