Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз равонӣ дар таҳайюр ҳам асар медорад об

Аз равонӣ дар таҳайюр ҳам асар медорад об, Гар ҳама оина бошад, дарбадар медорад об. Содадилро ихтилоти пучмағзон роҳат аст, Сандале аз каф ба рафъи дарди сар медорад об. Кам зи мунъим нест касби иззати дарвеш ҳам, Бештар аз лаъл хоки хушк бармедорад об. Нест азхудрафтаро андешаи поси қадам, Чун равон шуд, кай ба пеши по назар медорад об? Ҳастии ориф ба қадри дастгоҳи нестист, Аз гудози хеш дорад, баҳр агар медорад об. Ҷавҳар аз оина натвонад қадам берун задан, Мавҷро ҳамчун нигаҳ дар чашми тар медорад об. Золимонро дастгоҳ орад пайи касби фасод, Машқи хунрезӣ кунад, то нештар медорад об. Аз ҳаводис нест коҳиш тинати огоҳро, Заҳмати судан набинад, то гуҳар медорад об. Софтабъон инфиол аз сози ҳастӣ мекашанд, Бе тариҳо нест, то аз худ асар медорад об. То адам аз ҳастии мо қосиде даркор нест, Ҳам ба қадри рафтани худ номабар медорад об. Фақри соҳибҷавҳар осори камоли иззат аст, Теғ дар ҳар ҷо тунук шуд, бештар медорад об. Бода бар ҳар табъ мебахшад ҷудо хосияте, Бедил, андар ҳар замин таъми дигар медорад об.