Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз хомушӣ мапурсу зи гуфтори андалеб

Аз хомушӣ мапурсу зи гуфтори андалеб, Сад ғунчаву гул аст ба минқори андалеб. Мову диле ба сина зи доғи хаёли дӯст Тарроҳи ошёнаи гулдори андалеб. Номаҳраме, ки аз адаби ишқ ғофил аст, Дорад иҳонати гул аз инкори андалеб. Бе ёр, ҷойи ёр нишони қиёмат аст, Бо боғ дар хазон нафитад кори андалеб. Дарди сари тазаллуми улфат куҷо барад? Гар зери бол ҳам надиҳад бори андалеб. Аз дурбоши ғайрати хубон ҳазар кунед, Гул хорҳо нишонда ба озори андалеб. Оини дилбарӣ ба чӣ рангаш нишон диҳанд? Шохи гуле, ки нест қафасдори андалеб. Бӯйи гулам буруни чаман доғ мекунад Аз нолаҳои дар паси девори андалеб. Ман низ беҳавас наям, аммо надод ишқ Парвонаро димоғи сару кори андалеб. Шояд насиби дарде аз аҳли вафо барам, Бастам дили дуним ба минқори андалеб. Болини хоби гул ҳама ранги шикаста буд, Оҳ аз надомати пари бекори андалеб. Бедил, баҳори ишрати ушшоқ нола аст, Имсол низ мегузарад пори андалеб.