Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳар куҷо таслим бандад дар миён шамшерро

Ҳар куҷо таслим бандад дар миён шамшерро, Мекунад, чун мавҷи гавҳар безабон шамшерро. Саркашӣ вақфи тавозуъ кун, ки бар гардун ҳилол Мекунад гоҳе сипар, гоҳе камон шамшерро. То ба худ ҷунбӣ, сипарафкандаи хокию бас, Гӯ, биёвезад ғурур аз осмон шамшерро. Бисмилоҳангони таслимат муҳайё кардаанд Ҷабҳаи шавқе, ки донад остон шамшерро. Ҳусн то сар дод абрӯро ба қатли ошиқон, Қабза кард ангушти ҳайрат дар даҳон шамшерро. Гашт аз хоби гарон чашмат ба хуни мо далер, Мекунад бебоктар санги фасон шамшерро. Зоил аз зинат нагардад ҷавҳари мардонагӣ, Қабзаи зар аз буриш монеъ мадон шамшерро. Бисмили мавҷи майам, захмам ҳамон хамёза аст, Дар лаби соғар кун, эй қотил, ниҳон шамшерро. Навбаҳори ишратам, Бедил, ки бо ин лоғарӣ Хуни сайдам кард шохи арғавон шамшерро.