Ҳарчанд гаронӣ бувад асбоби ҷаҳонро
Ҳарчанд гаронӣ бувад асбоби ҷаҳонро,
Чун най ба хамидан накашад нолакашонро.
Бетоби ҷунун дар ғами асбоб набошад,
Дил зоди раҳи шавқ бувад реги равонро.
Бедории ман, шамъсифат лофи забонист,
Дорам зи хамӯшӣ ба камин хоби гаронро.
Офоқ фусунанҷумани шӯри хамӯшист,
Ҳайратлагани шамъи забон соз даҳонро.
Эмин натавон буд зи ҳамвории золим,
Дар ростӣ афзунии захм аст синонро.
Бунёди каҷандеш шавад сахт зи таҳдид,
Аз банди қавӣ муҳра макун пушти камонро.
Мумсик нашавад қобили имони хисосат,
То нашмарад ангушти шаҳодат лаби нонро.
Моро ба ғами ишқ ҳамон ишқ илоҷ аст,
Маҳтоб бувад пунбаи носур катонро.
Хат файзи баҳоре дигар аз ҳусни ту дорад,
Ҷӯши раги гул мекунад ин шуъла духонро.
Вақт аст кунун, к-аз асари хуни шаҳидон
Шамшери ту ёқут кунад санги фасонро.
Ишратҳаваси рафтани рангам, чӣ тавон кард?
Карданд баҳори чамани шамъ хазонро.
Бошад, ки сар аз манзили мақсуд барорем,
Чун ҷода дар ин дашт фикандем инонро.
Бедил, нафасат хун макун аз ҳарзадароӣ,
Таҳрики забон нештар аст ин раги ҷонро.