Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Нест бо ҳуснат маҷоли гуфтугӯ оинаро

Нест бо ҳуснат маҷоли гуфтугӯ оинаро, Сурма мерезад нигоҳат дар гулӯ оинаро. Ғайри ҷавҳар дар тамошои хати наврустаат Мекунад сад орзу дар дил нумӯ оинаро. Хотами фӯлодро аз ранги гул бандад нигин, Он ки бо он ҷилва созад рӯбарӯ оинаро. Сурати ҳолам парешонтар зи ҷӯши ҷавҳар аст, Ёди гесӯи кӣ кард ошуфтагӯ оинаро? Гар чунин шармат нигаҳро маҳви мижгон мекунад, Рафта-рафта мебарад ҷавҳар фурӯ оинаро. То расад доғе ба каф, сад шуъла мебояд гудохт, Ёфт Искандар ба чандин ҷустуҷӯ оинаро. Дар тапишгоҳи таманно бе камоле нест сабр, Арзи ҷавҳар шуд шикасти орзу оинаро. Дил агар дар ҷаҳд кӯшад, муфти эҳроми сафост, Ҳам ба қадри сайқал аст оби вузӯ оинаро. Ҳусну қубҳи мост ин ҷо боиси радду қабул, Варна, як чашм аст бар зишту накӯ оинаро. Роҳати дил хоҳӣ, аз арзи камол озод бош, То зи ҷавҳар нашканӣ дар дида мӯ оинаро. Сурати бемаънии ҳастӣ надорад имтиҳон, Акси гул наззора кун, аммо мабӯ оинаро. Софии дил ҳам гиребончокии роз асту бас, Ку ҳуҷуми занг, то гардад руфӯ оинаро? Эй басо дил, к-аз таҳайюр хок бар сар кардааст, Ҳар куҷо хокистаре ёбӣ, биҷӯ оинаро. Хоксориҳост, Бедил, равнақи аҳли сафо, Мекунад хокистар афзун обрӯ оинаро.