Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Назар бар каҷравон аз ростон беш аст гардунро

Назар бар каҷравон аз ростон беш аст гардунро, Ки хотам бештар дар дил нишонад нақши ворунро. Шаҳидам, лек медонам, ки ишқи офиятдушман Чу ёқутам ба оташ мебарад ҳар қатраи хунро. Дар оғӯши шиканҷи доми улфат роҳате дорам, Хаёли зулфи Лайлӣ сояи бед аст Маҷнунро. Гар аз шӯри ҳаводис огаҳӣ, сар дар гиребон кун, Ҳисори офият ҷуз хум намебошад Фалотунро. На танҳо ағниёро чарх бармегирад аз пастӣ, Замин ҳам луқмаҳои чарб донад ҷинси Қорунро. Шуури ҷисм занҷирест дар роҳи сабукрӯҳон, Ки чун хат нақш бандад, пойи рафтан нест мазмунро. Дил аст он тухми найранге, ки баҳри ҷустуҷӯи ӯ Ҷигар сӯрох-сӯрох аст нуҳ ғирболи гардунро. Ба қадри кӯшиши ишқ аст наъли ҳусн дар оташ, Садои тешаи Фарҳод маҳмезест Гулгунро. Хаёли мосиво фарш аст дар ваҳдатсарои дил, Даруни хеш дорад хонаи оина берунро. Ҳаводис муждаи амн аст, агар дил ҷамъ шуд, Бедил, Гуҳар афсона донад шӯриши амвоҷи ҷайҳунро.