Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Мехурад хун нафас андар дили ғампешаи мо

Мехурад хун нафас андар дили ғампешаи мо, Ҷавҳари теғ бувад хору хаси бешаи мо. Баски чун шамъ ба ғам нашвунумо ёфтаем, Шуъларо мавҷи тароват шумурад решаи мо. Сахтии даҳр зи сабри дили мо зинҳорист, Об шуд тоқати санг аз ҷигари шишаи мо. Қадди хамгашта ҳамон нохуни Фарҳоди ғам аст, Саъйи беҷост ба ҷуз ҷонканӣ аз тешаи мо. Шуғли расвоию мастурии аҳвол балост, Кош, ороиши бозор диҳад пешаи мо. Шӯри занҷири ҷунун аз нафаси мо пайдост, Накҳати зулфи кӣ печида бар андешаи мо? Чашми уммед надорем зи кишти дигарон, Дили мо донаи мо, нолаи мо решаи мо. Хомушиҳо сабақи мактаби бетобӣ нест, Якқалам нола бувад машқи найи бешаи мо. Нашъаи машраби берангӣ аз он софтар аст, Ки шавад мавҷи парӣ дурди таҳи шишаи мо. Бедил, аз фитрати мо қасри маонист баланд, Поя дорад сухан аз курсии андешаи мо.