Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гар даме бӯси кафат гардад муяссар теғро

Гар даме бӯси кафат гардад муяссар теғро, То абад рагҳои гул болад зи ҷавҳар теғро. Аз кудурат барнамеояд мизоҷи кинаҷӯ, Бештар дорад ҳамин зангор дар бар теғро. Эй ки дорӣ сайри гулзори муҳаббат дар хаёл, Боядат аз шавқ зад, чун сабза ба сар теғро. Айш хоҳӣ, сайди офат шав, ки монанди ҳилол Чарх абрӯ мекунад бар чашми соғар теғро. Пардаи найранги тӯфон буд шавқи бисмилам, Хунам охир кард бозуи шиновар теғро. То магар якбора гардад қатъ кори ҳастиям, Чун дами миқроз мехоҳам дупайкар теғро. Мавҷи тӯфон мезанад ҷӯйи ба дарё муттасил, Ҷавҳари дигар бувад дар дасти Ҳайдар теғро. Ҳар киро дил аз ғубори кинаҷуӯиҳо тиҳист, Мекашад ҳамчун ниём осуда дар бар теғро. Дил ба уммеди талофӣ метапад, аммо куҷост Он қадар захме ки хобонад ба бистар теғро? Бедил, аз ҳар мисраам мавҷи назокат мечакад, Кардаам рангин ба хуни сайди лоғар теғро.