Куҷо алвони неъмат з-ин бисот осон шавад пайдо
Куҷо алвони неъмат з-ин бисот осон шавад пайдо,
Ки Одам аз биҳишт ояд бурун, то нон шавад пайдо.
Тамизи лаззати дунё ҳам осон нест, эй ғофил,
Чу тифлон, хун хӯрӣ як умр, то дандон шавад пайдо
Саҳар то шом бояд так задан чун офтоб ин ҷо,
Ки хушкоре ба чашми ҳирс аз ин анбон шавад пайдо.
Саҳоби кишти мо сад раҳ шикофад чашми гирёнаш,
Ки гандум як табассум бо лаби хандон шавад пайдо.
Талоши мавҷ дар гавҳар шудан уммеди он дорад,
Ки гарди соҳиле з-ин баҳри бепоён шавад пайдо.
Ҷунун ҳам ҷаҳдҳо бояд, ки домонаш ба чанг афтад,
Дарӣ сад пираҳан, то пайкари урён шавад пайдо.
Уюб ояд бурун, то гул кунад ҳусни камол ин ҷо,
Калаф бепарда гардад, то маҳи тобон шавад пайдо.
Парешон аст аз беилтифотӣ субҳаи улфат,
Зи дил бастан магар ҷамъияти ёрон шавад пайдо.
Амон хоҳ аз газанди халқ дар гармихтилотиҳо,
Ки ақраб бештар дар фасли тобистон шавад пайдо.
Бинои ваҳшати ин куҳнаманзил ибрате дорад,
Ки соҳибхона гар пайдо шавад, меҳмон шавад пайдо.
Зи пайдоӣ ба номи маҳз чун анқо қаноат кун,
Фароғ ин ҷо касе дорад, к-аз ин унвон шавад пайдо.
Чу субҳ он беҳ, ки гум бошад касе дар гарди маъдумӣ,
Вагар пайдо тавонад гашт, болафшон шавад пайдо.
Дар ин саҳро ба вазъи Хизр бояд зиндагӣ кардан,
Нагардад гум касе, к-аз мардумон пинҳон шавад пайдо.
Ҳарифи гавҳари ноёб набвад саъйи ғаввосон,
Магар ин коми дил аз ҳиммати мардон шавад пайдо.
Хаёлоти парӣ бе шиша нақши тоқи нисён кун,
Муҳол аст ин, ки ҳар ҷо ҷисм гум шуд, ҷон шавад пайдо.
Тамошогоҳи ибрат по ба доман сайр мехоҳад,
Нигаҳ мебояд ин ҷо тавъами мижгон шавад пайдо.
Радифи бори дунё ранҷи уқбо сохтан, Бедил,
Зи гову хар намеояд, магар инсон шавад пайдо.