Кардаам сармашқи ҳасрат сарви мавзуни туро
Кардаам сармашқи ҳасрат сарви мавзуни туро,
Нола мехонам баландиҳои мазмуни туро.
Шомпарварди ғамам, бо субҳи иқболам чӣ кор?
Тирабахтӣ сояи бед аст Маҷнуни туро.
Хокҳои ин чаман мебоядам бар сар задан,
Баски гул пӯшид нақши пойи гулгуни туро.
Сози маҳшар гашт офоқ аз ғубори ҳасратам,
Дар найи мижгон чӣ фарёд аст маҳзуни туро?
Шӯри истиғно бурун аз пардаҳои аҷз нест,
Риштаи мо сахт печидаст қонуни туро.
Фаҳми яктоист барқи эътибороти дуӣ,
Умрҳо шуд, хондаам бар хеш афсуни туро.
Ҳар чӣ мебинам, суроғе аз хаёлат медиҳад,
Ҳар ду олам як сари зонуст Маҷнуни туро.
Эй дили девона, сабре, к-аз сувайдо чора нест.
Дидаи оҳу фурӯ бурдаст ҳомуни туро.
Бедил, озодӣ гар истиқболи оғӯшат кунад,
Он қадар во шав, ки натвон баст мазмуни туро.