Фусуни ҷоҳ узри ланг созад парфишониро
Фусуни ҷоҳ узри ланг созад парфишониро,
Ба ғалтонӣ расонад об дар гавҳар равониро.
Чу гул дар субҳи пирӣ мекашӣ хамёзаи ҳасрат,
Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро.
Набояд ростӣ аз чархи каҷрав орзу кардан,
Мабодо, бо хадангиҳо бадал созад камониро.
Чӣ дорӣ аз вуҷуд, эй зарра, ғайр аз ваҳми парвозе?
Адам бошу ғанимат дор хуршедошёниро.
Ғуруру фитнаҳо дар сар, суҷуду офият дар бар,
Замин то метавон будан махоҳед осмониро.
Шуд аз мавҷи нафас равшан, ки баҳри кишти омолат
Зи мӯ бориктар обест ҷӯйи зиндагониро.
Лаби захмам ба мавҷи хун намедонам, чӣ меҷӯяд?
Магар теғи ту дарёбад забони безабониро.
Сабукрӯҳӣ, чу ранги ошиқон, дорад иёри ман,
Ҳама гар зар шавам, бар хеш напсандам гарониро.
Чаманпардози дидорам, зи ҳайрат чашми он дорам,
Ки чун товус, дар оина гирам парфишониро.
Ба мазмуни китоби офият то ворасӣ, Бедил,
Ба ранги соя равшан кун саводи нотавониро.