Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳамеша сангдилонанд номдори тараб

Ҳамеша сангдилонанд номдори тараб, Зи ханда нақши нигинро ба ҳам наёяд лаб. Забони ҳосиду тамҳиди ростӣ ғалат аст, Каҷӣ бадар натавон бурд аз думи ақраб. Саводи фақр асармояи сафои дил аст, Чу субҳ, пок намо чеҳрае ба домани шаб. Ба ғайри ишқ надорем ҳеҷ оине, Гузидаем чу парвона сӯхтан мазҳаб. Ҳунар ба аҳли ҳасад медиҳад натиҷаи айб, Зи ҷавҳар аст дар абрӯи теғ чини ғазаб. Ҳавас чӣ гуна кунад шӯхӣ аз дили қонеъ? Ба домани гуҳар осуда аст мавҷи талаб. Ба дашти аҷз таҳайюрматоъи қофилаем, Агар бар оина маҳмил кашем, нест аҷаб. Чу чашма зиндагии мо ба ашк мавқуф аст, Дигар зи гиряи мо – бехудон мапурс сабаб. Бисоти зулф шавад чида дар дамидани хат, Ба чоки синаи субҳ аст чини домани шаб. Ҷаҳон қаламрави изҳори бениёзиҳост, Кадом зарра, ки ӯ нест офтобнасаб? Сар аз раҳи ту чӣ сон вокашам, ки бе қадамат Рикоб бо дили сангин тиҳӣ кунад қолаб. Зи баски душмани осудагист тинати ман, Чу шуъла мешиканад рангам аз шикастани таб. Қадаҳпарастӣ аз асбоб фориғам дорад, Китоби дардисарӣ шустаам ба оби инаб. Ба хомушӣ талаб аз лаъли ёр коми умед, Ки бӯса рӯ надиҳад, то ба ҳам наёрӣ лаб. Ба пеши ҷилваи тоқатгудози ӯ, Бедил, Газид ҷавҳари оина пушти дасти адаб.