Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳар куҷо оташе аз ваҳшатам афрӯхтааст

Ҳар куҷо оташе аз ваҳшатам афрӯхтааст, Барқ дар аввали парвоз нафас сӯхтааст. Чӣ хаёл аст, дил аз доғ тасаллӣ гардад, Ахгаре чашм ба хокистари худ дӯхтааст. Лофро оинапардози муҳаббат макунед, Ба нафас ҳеҷ кас ин шуъла наяфрӯхтааст. Натавон маҳрами таҳқиқ шуд аз илму амал, Вазъҳо сохтаву мовуман омӯхтааст. Поси асрори муҳаббат ба ҳавас н-ояд рост, Шамъ бар қашқаву зуннор чиҳо сӯхтааст? Эй нафасмоя, дукондории ғафлат то чанд? Осмон ҷинси саломат ба ту нафрӯхтааст. Аз қумоши баду неки ду ҷаҳон бехабарем, Чун ҳаё пираҳани мо назари дӯхта аст. Заррае нест, ки хуршеднамоӣ накунад, Гарди роҳат чӣ қадар оина андӯхтааст. Гар на Бедил сабақ аз мактаби Маҷнун дорад, Ин қадар чоки гиребон зи кӣ омӯхтааст?