Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Омадам, то сад чаман бар ҷилва нозон бинамат

Омадам, то сад чаман бар ҷилва нозон бинамат, Нашъа дар сар, май ба соғар, гул ба домон бинамат. Ҳамчу дил умре дар оғӯши хаёлат доштам Ин замон ҳамчун нигаҳ дар чашму мижгон бинамат. Гарди домонат ба мижгони ниёз афшондаам, Бекусуф акнун ҳамон хуршеди тобон бинамат. Эй масеҳонашъаи ранҷи ду олам эҳтиёҷ, Бар нигаҳ зулм аст, агар муҳтоҷи дармон бинамат. Дидаи хамёзасанҷе чун қадаҳ овардаам, То ба ранги мавҷи саҳбо, масти ҷавлон бинамат. Оламе аз нақши поят чашм равшан мекунад, Андаке пеш ой, то ман ҳам хиромон бинамат. Ҳаққи зоти туст саъйи дастгириҳои халқ, То абад, ё Раб, асои нотавонон бинамат! Арзи теъдоди маротиб хиҷлати шавқи расост, Он чи дил мамнуни диданҳо шавад, он бинамат. Ғунчагиҳоят насиби дидаи Бедил мабод, Чашми он дорам, ки то бинам, гулистон бинамат.