Он ҷангҷӯ ба зоҳир агар пушт додааст
Он ҷангҷӯ ба зоҳир агар пушт додааст,
Пинҳон даре зи фатҳи намоён кушодааст.
Азбаски саъйи ҳиммати мардон фурӯтанист,
Пушти сипаҳ қавӣ ба савори пиёда аст.
Маҳви қафост оинапардозии сафо,
Аз ришдор ҳеҷ мапурсед, сода аст.
Тифлӣ, чӣ мумкин аст равад аз миҷози шайх?
Ҳарчанд мӯ сафед кунад, пирзода аст.
Аз иллати машоиху атворашон мапурс,
Билфеъл тинати нари ин қавм мода аст.
Ҳар ҷо музайянест, ба ҳукми салоҳи шаръ,
Дар риши муҳтасиб бачаашро ниҳодааст.
Ин ҷо хаёли гунбади аммома ҳеҷ нест,
Бори сурин ба гардани воиз фитодааст.
Зоҳид куҷову тоати Яздонаш аз куҷо?
Дар вазъи саҷда шеваи хосаш ирода аст.
Раъноии имом надорад сари намоз,
Менозад аз асо, ки ба дасташ чӣ додааст.
Мулло ҳазор бор ба ангуштҳои дахл
Таҳ карда дарсу гарми талоши иъода аст.
Номарду мард то накашад заҳмати гувоҳ,
Қозӣ дар ин муқаддама ғавраш зиёда аст.
Иқболи халқ баски ба идбор баста аҳд,
Пеш уфтодаасту қафо истодааст.
Пастӣ кашид домани ин ҳезтинатон
Чандон, ки номашон ба забонҳо фитодааст.
Нақши ҷаҳон натиҷаи андешаи дуист,
Найранги шахсу оина тимсол зодааст.
Бедил, чӣ зиллат аст, ки гардуни мунқалиб
Дар табъи мард хосияти зан ниҳодааст?