Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Аз ин бисот касе доғи орамидан рафт

Аз ин бисот касе доғи орамидан рафт, Ки бо вуҷуди нафас, ғофил аз тапидан рафт. Дар ин чаман сари таслимофатем ҳама, Гуле, ки барқи хазонаш назад, ба чидан рафт. Зи бас гудози таманно ба дил гиреҳ кардем, Нафас чу ашк ба дарюзаи чакидан рафт. Кабоби ғайрати он раҳравам, ки ҳамчу самар Ба пошикастагии ранг то расидан рафт. Зи баски қатъи тааллуқ зи хеш душвор аст, Чу гоз муддати умрам ба лаб газидан рафт. Наям чу ашк ба роҳи ту доғи навмедӣ, Сари суҷуд саломат, агар давидан рафт. Маҷӯ зи мардуми бемаърифат дами таслим, Зи сарв аз раҳи беҳосилӣ хамидан рафт. Суроғи ҷилва зи мо – бехудон магиру мапурс, Баҳори ҳайрати оина дар надидан рафт. Фасонае зи рами фурсати нафас хондем, Ба лаб накарда гузар, он сӯи шунидан рафт. Хаёли ҳастии мавҳум реша пайдо кард, Ба фикри хоб матан, фасли орамидан рафт. Ба ҷаҳд маснади иззат намешавад ҳосил, Наметавон ба фалак, Бедил, аз давидан рафт.