Агар май нест, ҷамъият кадом аст?
Агар май нест, ҷамъият кадом аст?
Каманди ваҳдат ин ҷо даври ҷом аст.
Чу соғар дар муҳити майкашиҳо
Зи мавҷи бода қуллобам ба ком аст.
Ду олам дар намак хуфт аз ғуборам,
Ҳанӯзам шӯри мастӣ нотамом аст,
Агар бедастгоҳам, ғам надорам,
Чу ҳиндуям сияҳбахтӣ ғулом аст.
Зи болафшониям қатъи назар кун,
Ки сайди ман нигоҳи чашми дом аст.
Ману майхонаи дидор, к-он ҷо
Мижа то боз гардад, хатти ҷом аст.
Дил аз ҳастӣ намечинад фурӯғе,
Нафас дар кишвари оина шом аст.
Ҷаҳон зиндони навмедист, аммо
Даме к-аз худ бароӣ, сайри бом аст.
Дар ин маҳфил ба ҳукми шаръи таслим
Нафас гар мекашӣ, чун май ҳаром аст.
Ба табъи аҳли дунё пухтагӣ нест,
Самар чандон, ки сарсабз аст, хом аст.
Асирӣ шаҳпари озодии мост,
Нигини дом моро сайди ном аст.
Зи ҳастӣ то адам ҷаҳде надорад,
Зи мижгон то ба мижгон ним гом аст.
Ба ғафлат он қадар дурем аз дӯст,
Ки васлаш то расад ин ҷо, паём аст.
Зи Бедил ҷуръати ҷавлон маҷӯед,
Чу мавҷ ин нотавон паҳлӯхиром аст.