Имрӯз даври суҳбат вақфи ситамаёғист
Имрӯз даври суҳбат вақфи ситамаёғист,
Қулқул таранги миност, азбаски нашъа ёғист.
Илзому инфиол аст шарти вифоқи аҳбоб,
Дилбастагӣ, ки доранд бо якдигар, ҷаноғист.
Аз табъи нуктасанҷон инсоф карда парвоз,
Азбаски хурдагиранд, таҳсинашон калоғист.
Дар дӯстон шикоят ҳангома гарм дорад,
Ҳар ҷо хамӯшие ҳаст, аз шиква бедимоғист.
Не дил ҳузур дорад, не дида нур дорад,
Сомони ин шабистон кӯрию бечароғист.
То дил алам начинад, аз кина муҳтариз бош,
Гар талхӣ аз ҳаловат гул кард, мева доғист.
Мушкил, димоғи савдо озодагӣ нахоҳад,
Доғи ҳавои саҳрост, ҳарчанд лола боғист.
З-ин ҷустуҷӯи ботил бар ҳар чӣ ворасидам,
Дидам, ба дӯши анфос бори адамсуроғист.
Бедил, мани ҷунункеш дар ҳасрати дили ҷамъ
Аз ҳар кӣ чора ҷустам, гуфт: ин мараз димоғист.