Имрӯз, ки уммед ба кӯи ту муқим аст
Имрӯз, ки уммед ба кӯи ту муқим аст,
Гар бол кушоям, дили парвоз дуним аст.
Натвон зи сарам бурд ҳавои дами теғаш,
Ин ғунча гиреҳбастаи уммеди насим аст.
Шуд ҳоҷати мо пардабарандози ғаноят,
Соил ҳама ҷо оинаи рози карим аст.
Файзи назари кист, ки дар гулшани имкон
Ҳар барги гул имрӯз кафи дасти Калим аст.
Ҷуз коҳиши ҷон нест зи ҳамсуҳбати саркаш,
Гирён бувад он мум, ки бо шуъла надим аст.
Бар софзамирон бувад ошӯби ҳаводис,
Сад мавҷ кашокаш ба сари дурри ятим аст.
Пайваста пуровоз бувад косаи холӣ,
Пургӯии аблаҳ асари табъи сақим аст.
Осудадилӣ улфати яъс аст, вагарна,
Уммед ҳам ин ҷо чӣ кам аз заҳмати бим аст?
Ҳайрони талаб мояи тамйиз надорад,
Дар чашми гадо шаш ҷиҳат осори карим аст.
Берангии гулшан нашавад ҳамсафари гул,
Оина зи худ мераваду ҷилва муқим аст.
Бедил, зи ҷигарсӯхтагӣ чора надорам,
Бо доғ маро лоласифат аҳди қадим аст.