Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Андеша дар назокати маънӣ камол дошт

Андеша дар назокати маънӣ камол дошт, Ҳусни фурӯғи меҳр ниқоби ҳилол дошт. Шерозаи ғубори ҳавас гашт хиҷлатам, Хокам тасаллӣ аз арақи инфиол дошт. Дил рафт аз барам ба фусуни ҳавои васл, Ин ғунча дар кушудани оғӯш бол дошт. Аз худ рамиданест уруҷи димоғи ман, Ҷомам назар зи гардиши чашми ғизол дошт. Тухми адаб ба решаи шӯхӣ намезанад, Мавҷи гуҳар забоне агар дошт, лол дошт. Ҳуснат ба доди ҳайрати оина мерасад, Охир лаби хамӯшии мо ҳам суол дошт. Дилро ғами видоъи ту дар хун нишонда буд, Ҳоли хуше надошт, ки гӯям чӣ ҳол дошт?! Пургӯйии ман офати огоҳии дил аст, Оина буд, то нафасам эътидол дошт. Мурдему аз ғубори ду олам ба дар задем, Эй офият, бибол, ки ҳастӣ вабол дошт. Ғоратгари баҳори нишотам шукуфтагист, То ғунча буд дил, чамане дар хаёл дошт. Бедил, ҳазор ҷилва дар оинаат гузашт, Он шахс ку, ки ин ҳама арзи мисол дошт?!