Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст

Баҳри розам, печутоби фикр гирдоби ман аст, Шӯхии табъи расо амвоҷи бетоби ман аст. Софи маънӣ кард мустағнӣ зи дурди суратам, Чун бати май ботини ман олами оби ман аст. Шӯри шавқам пардаи оҳанги сози бехудист, Нолаи ман чун сипанд афсонаи хоби ман аст. Дар сафои ҳайратам маҳв аст нақши коинот, Ин катон гумгаштаи оғӯши маҳтоби ман аст. То камони ваҳшатам дар қабзаи ворастагист, Дургардиҳо зи мардум тири партоби ман аст. Ҷабҳаам фарши суҷуди аҳли таслим асту бас, Қомате дар ҳар куҷо хам гашт, меҳроби ман аст. Гӯшаи амне зи чашми баста дорам чун ҳубоб, Гар назар во мекунам бар хеш, селоби ман аст. Гашт изҳори ҳунар беобрӯиҳои ман, Ҷавҳарам чун оина реги таҳи оби ман аст. Ҷоме аз хумхонаи ирфон ба даст овардаам, Соф гардидан зи ҳастӣ бодаи ноби ман аст. Ғафлатам, Бедил, иёри имтиҳони ҳушҳост, Ҳамчу махмал, доми хоби дигарон хоби ман аст.