Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Базми гардун субҳхез аз гарди бетоби ман аст

Базми гардун субҳхез аз гарди бетоби ман аст, Нури ин оинаи мино зи симоби ман аст. Як ҷаҳон забти нафас дорад ба худ печиданам, Риштаи мавҳуми ҳастӣ ташнаи тоби ман аст аст. То тағофул дорам, аз вазъи ҷаҳон осудаам, Чашм пӯшидан бисотороии хоби ман аст. Дархури ворастагӣ маснадтирози иззатам, Боли парвозам чу қумрӣ фарши санҷоби ман аст. Мӯ ба мӯям чашмаи барқи таҷаллиҳои ӯст, Тур агар оташ фурӯзад, кирми шабтоби ман аст. Аз мизоҷи гавҳарам шӯхӣ намеболад ба хеш, Мавҷ умре шуд, батӯфонбурдаи оби ман аст. Ҷӯши дарде ку, ки оҳанги асар пайдо кунам, Риштаи қонуни оҳам, яъс мизроби ман аст. Маҳви шавқам, аз ғами асбоби роҳат фориғам, Софии оинаи ҳайрат шакархоби ман аст. Мебарад ҷазби хиромат чун ғубор аз ҷо маро, Ҷилвае аз чини домони ту қуллоби ман аст. Умрҳо шуд, з-ин шабистон интихобе мезанам, Ҳар куҷо ҳайроние гул кард, маҳтоби ман аст. Ҳар тараф пар мезанад наззора, ҳайрат хуфтааст, Олами оинаам, ҳамворӣ асбоби ман аст. Аз қумоши хомушӣ, Бедил дуконе чидаам, Ҳар чӣ ғайр аз худфурӯшиҳо бувад, боби ман аст.