Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баски мастонро ба қадри майкашиҳо обрӯст

Баски мастонро ба қадри майкашиҳо обрӯст, Мезанад паҳлу ба гардун, ҳар кӣ бар дӯшаш сабӯст. Ҳар диле к-аз ғам нагардад об, пайкон асту бас, Ҳар саре к-аз шӯри савдо нашъа напзирад, кадуст. Барнамеояд ба ҷуз ҳеҷ аз муаммои ҳубоб, Лафзи мо гар вошикофӣ, маънии ҳарфи магӯст. Аз шикасти дил ба ҷои нозуке хобидаем, Бар сари овози чинӣ сояи девор мӯст. Дар дили ҳар зарра чун хуршед тӯфон кардаем, Ҳар куҷо оинае ёбанд, бо мо рӯбарӯст. Моҷарои аҷзи мо нашнида мебояд шунид, Гуфтугӯи нотавонон нотавонигуфтугӯст. Ҷайби ҳастӣ чун саҳар ғоратгари чок асту бас, Риштаи омоли мо беҳуда дар банди руфӯст. Баски дар роҳат арақрези хиҷолат мурдаем, Гар зи хоки мо таяммум об бардорад, вузӯст, Чун нигин аз маънии таҳқиқи худ огаҳ наям, Ин қадар донам, ки нақши ҷабҳаи ман номи ӯст. Барқ ҷӯшидаст, ҳар ҷо гиряе сар кардаам, Бо камоли хокбозӣ тифли ашкам шуълахӯст. То ба худ ҷунбад нафас, сад ранг ҳасрат мекашам, Дар кафи андеша ҷисми нотавонам килки мӯст. Чун гуҳар иззатфурӯши сахтҷониҳо наям, Ҳамчу дарё дархури арзи гудозам обрӯст. Фикри нозук гашт, Бедил, монеи осоишам, Дар бисоти дида ин ҷо дурбоши хоб мӯст.