Барқ бо шавқам шароре беш нест,
Барқ бо шавқам шароре беш нест,
Шуъла тифли найсаворе беш нест.
Орзуҳои ду олам дастгоҳ
Аз кафе хокам ғуборе беш нест.
Чун шарорам як нигаҳ арз асту бас,
Оина ин ҷо дучоре беш нест.
Лолаву гул захмии хамёзаанд,
Айши ин гулшан хуморе беш нест.
То ба кай нозӣ ба ҳусни орият?
Мовуман оинадоре беш нест.
Меравад субҳу ишорат мекунад,
К-ин гулистон хандаворе беш нест.
То шавӣ огоҳ, фурсат рафтааст,
Ваъдаи васл интизоре беш нест,
Даст аз асбоби ҷаҳон бардоштан
Саъй гар мард аст, коре беш нест.
Чун саҳар нақде ки дар домони туст,
Гар бияфшонӣ, ғуборе беш нест.
Чанд дар банди нафас фарсуданат?
Маҳви он домӣ, ки торе беш нест.
Сад ҷаҳон маънӣ ба лафзи мо гум аст,
Ин ниҳонҳо ошкоре беш нест.
Эй шарор, аз ҳамраҳон ғофил мабош,
Фурсати мо низ боре беш нест.
Ғарқаи ваҳмем, варна, ин муҳит
Аз тунукобӣ каноре беш нест.
Бедил, ин камҳимматон бар иззу чоҳ
Фахрҳо доранду оре беш нест.