Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бурут тофтанат гурбашонии ҳавас аст

Бурут тофтанат гурбашонии ҳавас аст, Ба риш мард шудан бузгумонии ҳавас аст. Ба ҳарфу савт палангӣ наёяд аз рӯбоҳ, Фусуни ғурришат афсонахонии ҳавас аст. Зи одамӣ чӣ маош аст ҳамҷуволии хирс? Талоши суфу намад зиндагонии ҳавас аст. Ба ваҳм вонагузорад хирад зимоми ҳавос, Рама ба гург супурдан шубонии ҳавас аст. Чӣ лозим аст ба шайхӣ алоқаи дастор? Харӣ ба шох расондан ҷавонии ҳавас аст. Ба дастгоҳи шутурмурғ инфиол макаш, Ки маҳмилат ҳама бар парфишонии ҳавас аст. Иёри ибрати сарчангҳои хирс бигир, Ки риши говию ин шонаронии ҳавас аст. Зи тозиёнаву чӯб ончи мояи асар аст, Барои кунихарон меҳмонии ҳавас аст. Танидааст ба думлобагӣ ҷунуни ҳавас, Бад-ин сагон чӣ қадар мизбонии ҳавас аст. Ба сеҳри пуч зи эъҷоз дам задан, Бедил, Дар ин ҳаёкада гӯсолабонии ҳавас аст.