Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Беқарориҳои чарх аз дасти каҷрафторӣ аст

Беқарориҳои чарх аз дасти каҷрафторӣ аст, Хокро осудагӣ аз паҳлуи ҳамворӣ аст. Нест ғайр аз сӯхтан иди мазаллатпешагон, Хорро дар васли оташ пираҳан гулнорӣ аст. Аз мизоҷи мо чӣ мепурсӣ, ки чун реги равон Хоки мо чун об аз нанги фусурдан ҷорӣ аст. Гар зи дасти мо наёяд ҳеҷ, ҷоне меканем, Нолаи булбул дар ин гулшан гули бекорӣ аст. Обрӯ хоҳӣ, муқими остони хеш бош, Ашкро аз дида по берун ниҳодан хорӣ аст. Парфишонӣ нест мумкин бисмили тасвирро, Захмии теғи таҳайюр аз тапидан орӣ аст. Дасти ҳиммат остин мегардад аз холӣ шудан, Сарнигунӣ мардро аз хиҷлати нодорӣ аст. Шуъла хокистар шавад, то оварад чашме ба ҳам, Як мижа осудагӣ ин ҷо ба сад душворӣ аст. Ғайри теғи ӯ кӣ бардорад сари афтодагон? Хуфтагонро субҳи равшан сандали бедорӣ аст. Бигзар аз фикри хирад, Бедил, ки дар базми висол Гардиши он чашми майгун офати ҳушёрӣ аст.