Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Биё, эй ҷому минои тараб нақши кафи поят

Биё, эй ҷому минои тараб нақши кафи поят, Хироми мавҷи май махмури тарзи омаданҳоят. Нафас дар сина накҳатошёни хулди тавсифат, Нигаҳ дар дида шабнампарвари боғи тамошоят. Шукӯҳи ҷилваат ҷуз дар фазои дил намегунҷад, Ҷаҳон пур гардад аз оина, то холӣ шавад ҷоят. Пур осон аст, агар тавфиқ бахшад нури биноӣ Тамошои биҳишт аз гӯшаи чашми таманноят. Тавон дар мавҷи соғар ғӯта зад аз нақши пешонӣ, Ба мастӣ гар диҳад фармон нигоҳи нашъапаймоят. Фурӯғи шамъ ҳам мушкил тавонад ранг гардондан Дар он маҳфил, ки манъи даври соғар бошад имоят. Мурувват сарфи эҷодат, карам файзи худододат, Адаб таъмири бунёдат, ҳаё осори симоят. Назарандешии ваҳмам ба доғи ғайр месӯзад, Диле оина созам, к-аз ту резам ранги ҳамтоят. Ҳавохоҳи ту иксири саодат дар бағал дорад, Нафас будам, саҳар гул кардам аз файзи дуоҳоят. Тиҳӣ аз саҷдаи шавқат сари мӯе намеёбам, Саропо дар ҷабин меғалтам аз ёди саропоят. Асар маҳви дуои Бедил аст, уммеди он дорам, Ки болад дину дунё дар паноҳи дину дунёят.