Пеши чашме ки нури ирфон нест
Пеши чашме ки нури ирфон нест,
Гар бувад осмон, намоён нест.
Умрҳо шуд, дамидааст офоқ,
Белибосӣ ҳанӯз урён нест.
Шамъро гар ба фикри хеш сарест,
То кафи пош ҷуз гиребон нест.
Нақшбанди хаёли дур мабош,
Гул чӣ дорад, к-аз ин гулистон нест?
Бояд аз нақди эътибор гузашт,
Ҷинси бозори ибрат арзон нест.
Бар фалак ҳам хам аст дӯши ҳилол,
Нотавонӣ кашидан осон нест.
Наргисистони ибратем ҳама,
Чашм аз худ бипӯш, мижгон нест.
Оҷизӣ Хизри водии адаб аст,
Пойи хобида ҷуз ба домон нест.
То нафас аз тапиш наёсояд,
Ҷамъ гардидани дил имкон нест.
Хиҷлате чидаед, барчинед,
Худфурӯшон, замона дуккон нест.
Саҷдаро муфти офият шумаред,
Ҷабҳасоӣ кафи пушаймон нест.
Коми айш аз сафои дил талабед,
Хона оташ задан чароғон нест.
Гуҳ махӯр, эй тамаъ, ки нони хасон
Ҳазм ногашта боби дандон нест.
Шарм дор аз талаб, ки бар дари халқ
Силие ҳаст, агар хӯрӣ, нон нест.
Бедил, имрӯз дар мусулмонон
Ҳама ҷиз аст, лек имон нест.