То зи ҷинси табу тоби нафас осоре ҳаст
То зи ҷинси табу тоби нафас осоре ҳаст,
Ишқро бо дили савдозадаам коре ҳаст.
Ку диле, к-аз ҳавас ороиши дукконаш нест?
Дар сафохонаи ҳар оина бозоре ҳаст.
Халқе офаткаши найранги хаёл аст ин ҷо,
Ҳеҷ кас нест хар, аммо ҳамаро боре ҳаст.
Хок гаштему зи таъсири хаёли ту ҳанӯз
Дили ҳар зарраи мо чашмаи дидоре ҳаст.
Мовуман ҳеҷ кам аз наъраи мансурӣ нест,
То нафас ҳаст, ҳузури расану доре ҳаст.
Эй дил, ибром макун, чашмаш агар ҷон талабад,
Аз мурувват магузар, хотири беморе ҳаст.
Боиси қатли ман аз лоларухон ҳеҷ мапурс,
Ин қадар бас, ки бигӯянд: гунаҳкоре ҳаст.
Оташи ҳусни кӣ дар дайри хаёл афтодаст?
Шамъ ҳам сӯхтаи қашқаву зунноре ҳаст.
Захми моро асарандуди табассум маписанд,
Ки дар ин мавҷи гуҳар гарди намакзоре ҳаст.
Беҳ, ки дар пеши лабат арзи хамӯшӣ набарад,
Тӯтиеро ки зи шаккар сари гуфторе ҳаст.
Ё Раб, аз партави дидор нагардад маҳрум,
Маҳфили ҳайрати мо оинамиқдоре ҳаст.
Умр дар забти нафас сайди расоӣ дорад,
То тавонӣ, ба гиреҳ гир, агар торе ҳаст.
Ҳамчу он нағма, ки аз тор бурун меояд,
Агар аз хеш равӣ, ҷодаи бисёре ҳаст.
Тоби хуршеди ҷамолаш чу надорӣ, Бедил,
Дар хаёли хати ӯ сояи деворе ҳаст.