Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Танам зи банди либоси такаллуф озод аст

Танам зи банди либоси такаллуф озод аст, Бараҳнагӣ ба барам хилъате худодод аст. Накард зиндагиям як дам аз фано ғофил, Зихудфаромушии ман ҳамеша дар ёд аст. Ҳуҷуми шавқ надонам, чӣ муддао дорад? Зи сина то сари кӯят ғубори фарёд даст. Чӣ нақшҳо ки набаст орзу ба пардаи шавқ? Хаёли мӯйи миёни ту килки Беҳзод аст. Машав зи нолаи най ғофил, эй нишотпараст, Ки шамъи анҷумани умр равшан аз бод аст. Ҳадиси зуҳд раҳо кун, қаландарӣ омӯз, Чӣ ҷойи донаи тасбеҳу доми аврод аст? Сафои сина ғанимат шумору ишрат кун, Ки кори тирадилон чун ғубор бар бод аст. Зи сояи мижаи ӯ канора гир, эй дил, Ту хастаболию ин сабза дасти сайёд аст. Ғубори ҳастии ман нола медиҳад бар бод, Дигар чӣ мекунӣ, эй ашк, вақти имдод аст. Зи ҳасти хеш мазан дам, ки дар муҳити адаб Ҳубобро нафаси сарди хеш ҷаллод аст. Ба қайди ҷисм сабукрӯҳ муттаҳам нашавад, Шарар, агар ҳама дар санг бошад, озод аст. Наҷот металабӣ, хомушӣ гузин, Бедил, Ки дар тариқи саломат хамушӣ устод аст.