Танҳо на зарра диққати изҳор доштаст
Танҳо на зарра диққати изҳор доштаст,
Хуршед низ оина дар кор доштаст.
Дил ғарраи чӣ айш нишинад, ки зери чарх
Гавҳар шикасту оина зангор доштаст.
Танзеҳ дар саноеи осори даҳр нест,
Ин шишагар ҳақиқати гилкор доштаст.
Дар шаш ҷиҳат танидани оҳанги ҳайратест,
Қонуни дарди дил чӣ қадар тор доштаст?!
Огоҳ нест ҳеҷ кас аз нашъаи ҳузур,
Ҳайрат ҳазор соғари саршор доштаст.
Нақши нигорхонаи дил ҷуз хаёл нест,
Оина ҳар чӣ дорад, аз он ор доштаст.
Эй аз ҷунуни ҷаҳл таносонӣ орзуст,
Ҳуше, ки сояро кӣ нигунсор доштаст?
Қадди дутост ҳалқаи чандин суҷуди ноз,
Гӯё, суроғе аз дари дилдор доштаст.
Ҳарчанд доғ гашт дилу дида хун гирист,
Огаҳ нашуд, ки ишқ чӣ озор доштаст.
Бедил, ту андаке гираҳи дил кушода кун,
К-ин навғазал чӣ санъати асрор доштаст.