Чойи ором ба ваҳшаткадаи олам нест
Чойи ором ба ваҳшаткадаи олам нест,
Заррае нест, ки саргарми ҳавои рам нест.
Гираҳи бод бувад давлати ҳастӣ чу ҳубоб,
То Сулаймон нафасе арза диҳад, хотам нест,
Чаман аз ғунча ба ҳар шох сиришкаш гираҳ аст,
Мижаи аҳли тараб ҳам ба ҷаҳон бенам нест.
Ҳеҷ доно назанад теша ба пойи ором,
Аз биҳишт он ки бурун омадааст, одам нест.
Гӯ, биё барқу фурӯ рез ба кишти ду ҷаҳон,
Акс агар маҳв шуд, оинаи моро ғам нест.
Риштаворе нафаси сӯхта афрӯхтаем,
Шамъ дар хилвати бедории дил маҳрам нест.
Гар ҷаҳон ноз бар асбоби фузунӣ дорад,
Баҳри сомони камӣ зарраи мо ҳам кам нест.
Ин қадар ваҳм зи оғӯши нигаҳ меболад,
Дида ҳар гаҳ мижа овард ба ҳам, олам нест.
Чашм бар мавҷи хатат дӯхтан аз содадилист,
Риштаҳои раги гулро гираҳи шабнам нест.
Адами соя зи хуршед муайян гардид,
Гар ту шӯхӣ накунӣ, ҳастии мо мубҳам нест.
Бедил, аз бас ба гирифтории дил хӯ кардем,
Бе ғами дому қафас, хотири мо хуррам нест.