Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҷое ки нуҳ фалак зи ҳаё сар фикандааст

Ҷое ки нуҳ фалак зи ҳаё сар фикандааст, Чун гул чамандимоғии иқбол ханда аст. Дидем дастгоҳи ғурури сабуксарон, Сармояи кулоҳи ҳама пашми ганда аст. Мансубаи хирад ҳамаро моти ваҳм кард, З-ин арса хокбозии тифлон баранда аст. Аз хок барнадошт фалак, ҳар кадар хамид, Боре, ки пирӣ аз хами дӯшам фикандааст. Бар айби халқ хурда нагиранд маҳрамон, Эй бехабар, ману ту Худо нест, банда аст. Номуси эҳтиёҷ ба ҳиммат нигоҳ дор, Дасти тиҳӣ ҷунуни гиребондаранда аст. То тешаат ба по нахурад, жожхо мабош, Дандон даме ки пеш фитад, лабгазанда аст. Аз яъси муддао раҳи ором руфта гир, Ин дашт тахтаи кафи афсӯси ранда аст. Моро маоли кори тараб бедимоғ кард, Бӯйи гули чароғ дар ин базм ганда аст. Бедил, мабош ғарраи сомони эътибор, Ҳарчанд ранг бол надорад, паранда аст.