Чашми хирад оинаи ҷоми майи ноб аст
Чашми хирад оинаи ҷоми майи ноб аст,
Абрӯи сухан дар шикани мавҷи шароб аст.
Огоҳии дал металабӣ, тарки ҳунар гир,
К-аз ҷавҳари худ бар рухи оина ниқоб аст.
Бетоби фано он ҳама кӯшиш написандад,
Шабгири шарарҳо ҳама як лаҳза шитоб аст.
Ориф ба Худо мерасад аз гардиши чашме,
Дар ним нафас баҳр ҳамоғӯши ҳубоб аст.
Кайфияти тӯфонкадаи гиря мапурсед,
Дар ҳар нами ашкам ду ҷаҳон олами об аст.
Ин баҳр гудози ҷигари сӯхта дорад,
Обе ки ту дорӣ ба назар, ашки кабоб аст.
Чун сиккаи давлат ба касе нест мусаллам,
Пайдост, ки ҳар нақши нигин нақш бар об аст.
Хуш бош, ки дар майкадаи нашъаи таҳқиқ
Миное агар ҳаст, ҳамон ранги шароб аст.
Бе ҷунбиши дил роҳ ба ҷое натавон бурд,
Яксар ҷараси қофилаи мавҷ ҳубоб аст.
Дар маҳфили қонуни навосанҷии ушшоқ
Гӯше ки адофаҳм нашуд, гӯши рубоб аст.
То сурма нагаштем, ба чашмаш нарасидем,
Дар базми хамӯшон нафаси сӯхта боб аст.
Дил чист, ки бо хок баробар натавон кард?
Бе рӯи ту то хонаи оина хароб аст.
Дониш ҳама ғафлат шавад аз аҷзи расоӣ,
Чун тори назар кӯтаҳӣ орад, раги хоб аст.
Бедил, агар афсурдадиле ҷамъи кутуб кард,
Дар мадрасаи дониши мо ҷилди китоб аст.