Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом аст
Чашме, ки надорад назаре, ҳалқаи дом аст,
Ҳар лаб, ки сухансанҷ набошад, лаби бом аст.
Беҷавҳарӣ аз ҳарзадароист забонро,
Теғе, ки ба зангор фурӯ рафт, ниём аст.
Мағрури камолӣ, зи фалак шиква чӣ лозим?
Кори ту ҳам аз пухтагии табъи ту хом аст.
Гӯянд: Биҳишт асту ҳамон роҳати ҷовид,
Ҷое ки ба доғе натапад дил, чӣ мақом аст?
Чашми ту набастаст магар гуфтушунудат?
Маҳви худӣ, эй бехабар, афсона кадом аст?
Эй шуъла, умеди нафаси сӯхта то чанд?
Фардост, ки парвози ту фарсудаи дом аст.
Навмедиям аз қайди ҷаҳон шиква надорад,
Бо дому қафас тоири парбохта ром аст.
Кай субҳ ниқоб афканад аз чеҳра, ки имшаб
Оинаи бахти сияҳам дар кафи шом аст?!
Не сабр ба дил монду на ҳайрат ба назарҳо,
Эй сели дилу барқи назар, ин чӣ хиром аст?
Мастанд асирони хамупечи муҳаббат,
Дар ҳалқаи гесӯи ту зикри хати ҷом аст.
Бигзар зи ғано, то нашавӣ душмани аҳбоб,
Аввалсабақи ҳосили зар тарки салом аст.
Бедил, ба гумон маҳви яқинам, чӣ тавон кард?
Камфурсатӣ аз васлпарастони паём аст.