Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳазар зи роҳи муҳаббат, ки пур хатарнок аст

Ҳазар зи роҳи муҳаббат, ки пур хатарнок аст, Ту мушти хори заифию шуъла бебок аст. Тавон ба бекасӣ эмин шуд аз мазаррати даҳр, Самуми ҳодисаро бахти тира тарёк аст. Ба ихтиёр нарафтем, ҳар куҷо рафтем, Ғубори мову нафас ҳукми сайду фитрок аст. Зи бас замона ҳуҷуми касодбозорист, Чу ашк гавҳари мо вақфи домани хок аст. Чӣ гуна кам шавад аз мо маломати зоҳид? Ки сад забони дарозаш ба чӯби мисвок аст. Аз ин муҳит, ки дар бенамист тӯфонаш, Касе ки оби рухе бурд, гавҳараш пок аст. Ғубори ҳодиса ҳиснест нотавононро, Каманди мавҷи хатар нохудои хошок аст. Зе хеш рафтани мо раҳбаре намехоҳад, Далели қофилаи субҳ синаи чок аст. Наёмадаст шаробе ба арзи шӯхии ранг, Ҷаҳон ҳанӯз сияҳмасти сояи ток аст. Чӣ вонамоямат аз чашмбанди олами ваҳм? Ки худнамоию оина дар дили хок аст. Замона каҷманишонро ба бар кашад, Бедил, Касе ки рост бувад, хори чашми афлок аст.