Хоки ғурбат кимиёи мардуми некахтар аст
Хоки ғурбат кимиёи мардуми некахтар аст,
Қатра дар гарди ятимӣ хушк чун шуд, гавҳар аст.
Мавҷи шуҳрат дар камини хомушӣ пар мезанад,
Мисраи барҷаста оҳанге зи тори мистар аст.
Зиштии аъмол дорад барқи нафрин дар бағал,
Шоҳиди ҳусни амалро ҷӯши таҳсин зевар аст.
Мансаби гавҳарфурӯшӣ нест махсуси садаф,
Ҳар навое к-аз лаби хомӯш ҷӯшад, гавҳар аст.
Аз маоли ҷустуҷӯҳои нафас огаҳ наям,
Ин қадар донам, ки сайри шуъла то хокистар аст.
Муҳри хомӯшист чун оина сар то пойи ман,
Гар ба арзи гуфтугӯ оям, забонам ҷавҳар аст.
Ин муаммо ҷуз дами теғи ту накшояд касе,
К-аз ҳазорон уқдаам як уқда савдои сар аст.
Мехурӯшад ишқу аз ҳам мегудозад пайкарам,
Наъраи шер ин найистонро ба оташ раҳбар аст.
Гар маро асбоби парвозе набошад, гӯ, мабош,
Тоири рангам, шикасти хотирам болу пар аст.
Ҳамчу шабнам дар тилисми домгоҳи ин чаман
Мурғи моро файзи обу дона аз чашми тар аст.
Роҳати ҷовиди фақр аз ҷоҳ натвон ёфтан,
Хоки соҳил қимати худ гар шиносад, гавҳар аст.
Каъбаҷӯ афтод шӯхиҳои тоқат, варна, ман
Ҳар куҷо аз по нишинам, остони дилбар аст.
Ҷӯши дониш иқтизои софии дил мекунад,
Хонаи оинаро ҷорӯб зулфи ҷавҳар аст.
Маргро дар тинати осудатабъон роҳ нест,
Оташи ёқут, Бедил, эмин аз хокистар аст.