Хомушӣ дар парда сомони такаллум кардааст
Хомушӣ дар парда сомони такаллум кардааст,
Аз ғубори сурма овозе таваҳҳум кардааст.
Бе ту гар чанде дар ин маҳфил ба ибрат зиндаем,
Дар бинои мо чу шамъ оташ тараҳҳум кардааст.
То хамӯшӣ доштем, офоқ беташвиш буд,
Мавҷи ин баҳр аз забони мо талотум кардааст.
Аз адам ноҷаста шӯхиҳои ҳастӣ мекунем,
Субҳи мо ҳам дар ниқоби шаб табассум кардааст.
Маъбади ҳирс остони саҷдаи беиззатист,
Оламе ин ҷо ба оби рӯ таяммум кардааст.
Ҳеҷ кас мағрури истеъдоди ҷамъият мабод,
Қатраро гавҳар шудан беруни қулзум кардааст.
Хомтабъон аз фишори ранҷи даҳр озодаанд,
Пухтагӣ ангурро зиндонии хум кардааст.
Ғайбати золим газандаш кам маяндеш аз ҳузур,
Неши ақраб нардбонҳо ҳосил аз дум кардааст.
Сеҳркориҳои чарх аз ихтилоти бенасақ
Хушкии атвори мардумро сирешум кардааст.
Он тапиш, к-аз захми ҳасратҳои рӯзӣ доштем,
Гарди моро чун саҳар анбори гандум кардааст.
Ин гулистон ғунчаҳо бисёр дорад, бӯ кунед,
Дар ҳамин ҷо Бедили мо ҳам диле гум кардааст.