Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Халқро бар сари ҳар луқма зи бас саршиканист

Халқро бар сари ҳар луқма зи бас саршиканист, Ношто гар шиканӣ, қалъаихайбаршиканист. Магзар аз завқи ҳаловаткадаи маҳфили дард, Нолапардозии най олами шаккаршиканист. Нафас аз забти тапиш маънии дил мебандад, Гавҳаророии ин мавҷ ба худ даршиканист. Сад қиёматкада дар пардаи ҳайрат дорем, Мижа бар ҳам задани мо сафимаҳшаршиканист. Сахт корест, ки бо кулфати дил сохтаем, Занги оина шудан саддисикандаршиканист. Мебарад саъйи фано тангӣ аз оғӯши ҳубоб, Вусъати машраби мо тобеи соғаршиканист. Орзу ҳасрати мижгони кӣ дорад, ё Раб? Ки нафас дар ҷигарам бехуди ништаршиканист. Маҳв кун арзи камолу дили равшан дарёб, Софии оина оинаи гавҳаршиканист. Тарки ҷамъияти дил сахт надомат дорад, Баҳр яксар арақи хиҷлати гавҳаршиканист. Бедил, аз хеш ба ҷуз нафй чӣ исбот кунем? Рангро шӯхии парвоз ҳамон паршиканист.